Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомоти Ироқ гуфтанд, ки вазъи духтари олмонӣ хуб аст


Кӯчаҳои шаҳри Мавсил баъди озодшавиаш аз дасти ҷангҷӯёни гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ"
Кӯчаҳои шаҳри Мавсил баъди озодшавиаш аз дасти ҷангҷӯёни гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ"

Мақомоти Ироқ вазъи саломати духтари олмониеро, ки дар шаҳри Мавсил пайдо шуд, хуб арзёбӣ карданд. Ин духтар як сол қабл дини Исломро пазируфта, баъдан ба саффи гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” дар Мавсил пайваста буд.

Мақомоти расмии Олмон рӯзи 22-юми июл тасдиқ карданд, ки ин духтар аз аёлати шарқист ва барои ӯ сафорати Олмон дар Бағдод ёрӣ хоҳад кард.

Масъулини идораи истихбороти Ироқ гуфтанд, ин духтари 16-солаи олмонӣ, ки худро Линда муаррифӣ мекунад, дар аввали моҳи июли имсол аз таҳхонаи як бино дар Мавсил пайдо шуд. Ӯ яке аз 26 шаҳрванди хориҷист, ки дар ҷараёни амалиёти поксозии шаҳри Мавсил аз тарафи нирӯҳои амниятии Ироқ ёфт гардид.

Мақомоти Ироқ мегӯянд, ин духтар дар шаҳри Мавсил ба ҳайси пулиси гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” кор мекард.

Бино ба қонуни асосии Ироқ, Линда шояд ба эъдом ё қатл маҳкум шавад. Аммо то замоне ба синни 22 нарасад, ҳукми болои ӯ татбиқ нахоҳад шуд.

Ин духтари олмонӣ дар ҳоли ҳозир дар наздикии фурудгоҳи Бағдод, дар як зиндони занона, маҳбус аст.

XS
SM
MD
LG