Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саидзода: "Ягон нозири БДА ҳақ надорад, ки аз дасти сокинон пул гирад"


Маҳмадсаид Саидзода
Маҳмадсаид Саидзода

Дар Тоҷикистон шабакаи ягонаи иттилоотии Бозрасии давлатии автомобилӣ (ГАИ) ба кор шурӯъ кард, ки ҳадаф аз он коҳиши фасоди молӣ ва ҷилавгирӣ аз садамаҳои зиёди нақлиётӣ гуфта мешавад.

Маҳмадсаид Саидзода, муовини вазири умури дохилии Тоҷикистон, рӯзи 22-юми июл дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, “ҳарчанд мубориза мебаранд, аммо фасоду фасодкорӣ реша дорад. Минбаъд ҳар амалиёте, ки гузаронда мешавад, шаҳрванд маблағро дар худи “Амонатбонк” ё хазинаҳои махсус месупорад. Ягон нозири БДА ҳаққи гирифтани маблағ аз дасти шаҳрвандонро надорад”.

Муовини вазири умури дохилӣ дар идома дар посух ба суоли хабарнигори Радиои Озодӣ дар бораи қонуншикании фарзандони афроди мансабдор дар роҳҳо гуфт, барои муайян кардани онҳо ба вақт ниёз доранд. Ӯ гуфт, “вақте қонуншикании ҷавонон ошкор шуд, ба донишкада мактуб мефиристем, ки ҳамин донишҷӯ кист ва волидони онҳо ба кадом кор машғуланд. Чӣ маълумоте, ки аз онҷо гирифтем, бар асоси ҳамон маълум мекунем”, - афзуд Маҳмадсаид Саидзода.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар як иқдоми ғайримуқаррарӣ дар аввали моҳи майи имсол номи беш аз 300 донишҷӯро нашр кард, ки ҳангоми ронандагӣ қоидаҳои роҳро риоят накардаанд ва ё барои чунин қонуншиканӣ танбеҳ гирифтаанд. Дар ин феҳрист ному насаби комили донишҷӯ, ҷойи таҳсилашро навишта ва гуфтаанд, ки ин донишҷӯён дар 4 моҳи гузашта бо автомашинаҳои шахсӣ ба макотиби олӣ омада ва қоидаҳои ҳаракат дар роҳро вайрон кардаанд.

Вале бархе аз донишҷӯён гуфтанд, ки дар ин маърака чормағз бештар сари донишҷӯёни миёнҳол шикаста, пайвандони мақомдорон боз ҳам аз об хушк хоҳанд баромад. Онҳо мегӯянд, донишҷӯи миёнҳол асосан барои он бо мошин ба донишгоҳ меравад, ки баъд аз адои дарс мусофиркашонӣ карда, барои рӯзгузаронии худу хонавода пул кор кунад.

XS
SM
MD
LG