Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Думаи Русия ношинос мондани корбарони интернетро мамнӯъ кард


Порлумони Русия
Порлумони Русия

Қонунгузорони Русия дар Думаи давлатӣ, тарҳи қонун дар бораи танзими паёмрасонҳо (мессенджер) ва манъи истифодаи қуфлшиканҳо барои боз кардани сомонаҳои масдудро дар хониши ниҳоӣ тасвиб кард.

Қонун дар бораи паёмрасонҳо маъмурияти сервисҳоро муваззаф мекунад, ки ҳуввияти корбарро аз рӯи рақами телефонаш ошкор кунад. Ин санад ҳамчунин эҳтимолеро имконпазир мекунад, ки дастрасии корбар ба паёмрасонҳо бо ҳукми намояндаи ваколатдори ҳукумат, ё додгоҳ мамнӯъ шавад. Механизми масдуд карданро ҳукумат якҷо бо ширкатҳои вориди бозор ба роҳ мемонад.

Қонун дар бораи манъи истифодаи қуфлшикан, ё проксиҳо масдуд кардани "анонимайзер" ва VPN-ро дар назар дорад. Агар ин хадамот дастрасӣ ба маълумоти мамнуъ дар Русия маҳдуд накунад, мақомот худи онҳоро масдуд мекунад.

"Анонимайзерҳо"- ро Хадамоти амнияти Русия- ФСБ ва вазорати умури дохила ошкор мекунад.

Ин қонун акнун бояд дар Шӯрои Федератсиони Русия тасвиб шавад. Қонун аз 1 январи соли 2018 амалӣ мешавад.

Рӯзи 28 июл дар Маскав раҳпаймоие бо шиори "Барои интернети озод" баргузор мешавад, ки истеъфои раҳбари "Роскомнадзор" Александр Жаровро талаб мекунад.

XS
SM
MD
LG