Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

3000 сомонӣ – ҷоиза барои ошкор кардани омӯзгори порагир


Донишгоҳи давлатии Данғара барои ошкор кардани омӯзгори порахӯр ва донишҷӯи порадеҳ ҷоизаи пулӣ ваъда кард. Нуралӣ Шоҳиён, раиси Донишгоҳи давлатии Данғара, рӯзи 21-уми июл дар нишасти матбуотӣ дар ин донишгоҳ гуфт, ба хотири “решакан кардани коррупсия” тасмим гирифтанд, ташаббуси ошкор кардани омӯзгору донишҷӯи фасодкорро ба роҳ монанд.

Нуралӣ Шоҳиён
Нуралӣ Шоҳиён

Барои ошкор шудани омӯзгори порагир ба донишҷӯ 3 ҳазор ва барои донишҷӯи порадеҳ 5 ҳазор сомонӣ ҷоиза пешниҳод мешавад. Нуралӣ Шоҳиён дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ин маблағҳо аз ҳисоби буҷаи донишгоҳ пардохт мешавад.

Донишгоҳи давлатии Данғара дар баробари риштаҳои буҷавӣ, инчунин риштаҳои тиҷоратии таҳсилро дар бар мегирад. Ин муассиса панҷ факулта дошта, дар ҳоли ҳозир 2745 донишҷӯ дорад. Донишгоҳ имсол аз рӯи 54 ихтисос довталабони таҳсилро қабул мекунад.

Айни замон, раҳбарияти донишгоҳ нагуфт, ки механизми ошкор ва собит кардани факти порагирӣ чӣ гуна ба роҳ монда мешавад ва то куҷо ин ҷараён бидуни ҷалби сохторҳои дахлдори ҳифзи ҳуқуқ амал хоҳад кард ва ба меъёрҳои қонун мутобиқат мекунад.

Ба иттилои ректори донишгоҳ, то имрӯз дар ин муассиса ҳеҷ мавриди порагирӣ ё порадиҳӣ ошкор нашудааст ва ташаббуси нав, ба гуфтаи ӯ, ба хотири ҷилавгирӣ аз рӯй додани чунин ҳодисаҳо дар оянда карда мешавад.

Ин ташаббус дар ҳоле садо медиҳад, ки таҳқиқоти мизони коррупсия дар Тоҷикистон низоми маорифро дар баробари беҳдошт ва сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ аз осебпазиртарин бахшҳо дар баробари фасоду ришвахорӣ унвон кардааст. Таҷриба нишон медиҳад, ки аксар мавридҳои ришвахорӣ дар мавсими имтиҳонсупорӣ ва дохилшавӣ ба донишгоҳ рух медиҳад.

Мақомот мегӯянд, ки соли 2016 дар соҳаи маориф ва аз ҷониби афроди масъулини вобаста ба вазорати маориф 90 ҷинояти хусусияти коррупсионидошта сабт шудааст.

Бинои Донишгоҳи давлатии ноҳияи Данғара
Бинои Донишгоҳи давлатии ноҳияи Данғара

Вазорати маориф ва илми кишвар мегӯяд, донишгоҳҳои кишвар 8 сол боз дар доираи барнмаи вижа бо ришваситонӣ мубориза мебаранд.

Маҳмудхон Шоев, як масъули ин вазорат рӯзи 21 июл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, сар аз соли 2009 дар Донишгоҳҳои олии кишвар барномаи муқовимат бо ришваситонӣ роҳандозӣ шудааст ва дар доираи он муассисаҳои таълимӣ бо роҳандозии иқдомҳои мухталиф, аз ҷумла ташкили саволномаҳо барои муайян кардани сатҳи коррупсия дар таълимгоҳҳо, дар ин самт кор мебаранд. Ҳадаф аз ин барнома ба таъкиди Шоев, барҳам додани омилҳои ришваситонӣ дар соҳаи маориф аст.

XS
SM
MD
LG