Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ховар": Сохтори зиддитеррористии СҲШ ҳизби наҳзатро "созмони террористӣ" эълон кард


“Ховар”, хабаргузории расмии Тоҷикистон бо нашри изҳороте рӯзи 20-уми июл навишт, ки Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шонгҳой ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломиро вориди рӯйхати гурӯҳҳои “террористӣ-экстремистӣ” кард.

Дар сомонаи расмии Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой дар ин робита то ҳол чизе нашр нашудааст, вале “Ховар” ин изҳоротро бо такя ба суханронии Аҳат Мукашев, муовини Директори Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ нашр кардааст. Ба навиштаи “Ховар”, ин мақоми баландпояи СҲШ рӯзҳои 11-12-уми июл “дар ҷаласаи гурӯҳи кории Лоиҳаи KALKAN дар самти фаъолияти Интерпол ва политсияи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар шаҳри Теҳрон” номи Ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистонро дар қатори дигар гурӯҳҳои тундрав номбар кардааст.

Аз қавли ин мақоми СҲШ, “Ховар” навиштааст, ки “афзалияти калидии Сохтори минтақавии зиддитеррористӣ нишон додани муқобилият зидди террористон — ҷангиёни хориҷӣ мебошад” ва бо ин ҳадаф “табодули маълумот оид ба фаъолияти ташкилотҳои байналмилалии “Давлати исломӣ”, “Ҷабҳат-ун-Нусра”, “Ҳизб-ут-Таҳрир ал-Исломӣ”, “Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ”, “Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон” ва ғайра ба роҳ монда шудааст”.

Дар ҳоле, ки раҳбарияти Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шонгҳой, воқеъ дар Тошканд шоми 20 июл дастрас набуд, як мақоми аршади СҲШ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки сохтори зиддитеррористӣ бахше аз ин созмон буда, тасмими марбут ба манъи гурӯҳу созмонҳо дар салоҳияти он мебошад. Ӯ гуфт, ҳама гуна шарҳро дар ин замина танҳо ҳамин сохтор дода метавонад. Дар вебсайти СМЗ ин хабар қобили дарёфт нест.

Ин бори дуввум аст, ки дар як ҳафтаи ахир бо чунин мазмун “Ховар” хабар нашр мекунад. Рӯзи 15-уми июл низ “Ховар” навишт, ки Созмони Шонгҳой “таҳти рақами 79” ин ҳизбро “террористӣ ва экстремистӣ” эълон кардааст. Ин изҳороти “Ховар”-ро то ҳол ҳеҷ мақоми расмии Тоҷикистон ва Созмони Шонгҳой тасдиқ ва ё инкор накардааст.

Ҷонибдорони ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин хабарро "ҷаълӣ" дониста, ба он бо назари шубҳа менигаранд.

Додгоҳи олии Тоҷикистон 29-уми сентябри соли 2015 фаъолияти ҲНИТ-ро баъди шӯриши мусаллаҳони муовини пешини вазири дифои кишвар мамнуъ эълон кард ва беш аз даҳ узви раёсати онро бо иттиҳоми терроризм барои солҳои тӯлонӣ ба зиндон фиристод. ҲНИТ, ки то баста шуданаш ягона ҳизби исломӣ дар қаламрави Осиёи Марказӣ ба шумор меомад, иттиҳоми терроризмро рад мекунад ва мегӯяд, ки ҳадафи мақомоти тоҷик берун кардани ҳизб аз саҳнаи сиёсӣ буд.

Тоҷикистон талош дорад ҳамкорони дигараш дар Ғарбу Аврупоро ба мамнӯъ эълон кардани ин ҳизб водор кунад, вале то ҳол ба ин дархости Тоҷикистон посухе дода нашудааст. Дар як изҳороташ сафири Полша дар Тоҷикистон Петр Ивашкевич рӯзи 24 маи имсол бо ишора ба ҲНИТ ва “Гурӯҳи 24” гуфта буд, ки ин созмонҳо “дар Полша мамнӯъ нашудаанд" ва ҳеҷ асос вуҷуд надорад, ки нафарони марбут ба ин гурӯҳҳо, ки дар қаламрави Полша ба таври қонунӣ ба сар мебаранд, ба ҷое фиристода шаванд.

Гузоришҳои видеоӣ

Фирори садҳо зану кӯдаки ҷиҳодиён аз урдугоҳи Сурия
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:17 0:00
XS
SM
MD
LG