Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп кумаки таслиҳотӣ ба мухолифони Асадро қатъ мекунад


Доналд Трамп
Доналд Трамп

Президенти ИМА Доналд Трамп барномаи махфии таъмини силоҳ ба мухолифини Сурияро, ки бо режими Башор Асад мубориза мебаранд, қатъ мекунад.

Нашрияи Washington Post бо истинод ба мақомҳои расмӣ хабар дод, ки ин тасмимро президенти ИМА тақрибан як моҳ пеш, баъди як ҷаласа бо сардори Идораи марказии иктишофӣ Майк Помпео ва мушовири умури амнияти миллӣ Ҳерберт Макмастер гирифтааст.

Ҷаласаи мазкур пеш аз мулоқоти шахсиии Трамп бо президенти Русия Владимир Путин дар Ҳамбург баргузор шуд. Помпео ва Макмастер аз шарҳи ҷузъиёти қарор худдорӣ кардаанд.

Манобеи нашрия мегӯянд, ки барномаи додани силоҳ ба шӯришгарони Сурия, ки бо ҷангиёни гуруҳи даҳшатафкани "Давлати исломӣ" вориди даргирӣ ҳастанд, идома хоҳад ёфт.

ИМА соли 2013 интиқоли силоҳро ба мухолифони Сурия оғоз кард. Ин барнома яке аз бандҳои калидии сиёсати президенти пешини Амрико Барак Обама роҷеъ ба Сурия шумурда мешуд.

Мухолифони ин тарҳ аз соли 2015, баъди оғози амалиёти низомии Русия ба ҳимоят аз нерӯҳои ҳукумати Сурия борҳо корсоз будани онро зери суол бурдаанд.

XS
SM
MD
LG