Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эълони ҳукми парвандаи "фасодкорӣ" дар артиши Қазоқистон


Додгоҳе дар шаҳри Остонаи Қазоқистон рӯзи 19 июл ҳукми 11 айбдоршавандаи парвандаи "дуздии маблағи буҷа"-ро, ки барои эҳтиёҷи артиш ҷудо шуда буд, эълон кард.

Муовини пешини роҳбари сарраёсати таъмини моливу техникии нерӯҳои низомии Қазоқистон Тулемис Жумқозиев дар гирифтани пора аз як соҳибкор "барои таъмини пирӯзии ӯ дар тендер " муҷрим эълон шуд. Додгоҳ Жумқозиевро 12 сол зиндонӣ ва амволашро мусодира кард.

Ҷойнишини Жумқозиев ва корманди нозироти молии нерӯҳои низомии Қазоқистон дар заминаи фасоди молӣ ба 10-солӣ зиндон маҳкум шуд.

Шаш роҳбари ширкатҳои тиҷоратӣ ба ришвадиҳӣ айбдор шуданд, ки чаҳор нафари онҳо занҳо буданд. Додгоҳ онҳоро аз 4 то 5 сол зиндонӣ кард. Додгоҳ гуфт, 12 дарсади маблағи шартномавии ширкатҳои тиҷоратӣ ҳамчун пора пешниҳод шуд.

XS
SM
MD
LG