Пайвандҳои дастрасӣ

Озарбойҷон 6 шаҳрвандашро ба хиёнати бузург муттаҳам кард


Акс аз бойгонӣ

Хадамоти амнияти давлатии Озарбойҷон мегӯяд, ки шаш нафарро бо иттиҳоми хиёнати бузург ва ҷосусӣ боздошт кардааст.

Дар як изҳороти расмӣ рӯзи 19-уми июл гуфта шуд, яке аз гумонбаршудаҳо Мухтор Ёқубов ҳангоми кӯшиши фирор аз Озарбойҷон боздошт гардидааст, ки бо худ маълумоти сирриро дар шакли эелектронӣ мебурд. Ба гумони хадамот, Ёқубов ин маълумотро гӯё бо дархости хадамоти кишвари хориҷӣ ҷамъоварӣ кардааст.

Дар изҳорот, инчунин, омадааст, ки боздошти Мухтор Ёқубов роҳро барои ба даст афтидани панҷ нафари дигар дар Боку ва манотиқи дигари Озарбойҷон ҳамвор кард.

“Ҳамаи боздоштшудаҳо ба ҷамъоварии маълумоти маҳрамонаи марбут ба нирӯҳои низомии Озарбойҷон ва хадамоти амният гумонбар шудаанд”, - омадааст дар ин изҳорот.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG