Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ин мардро мешиносед? ВКД аз мардум ёрӣ мехоҳад


Бинои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз корбарони Радиои Озодӣ хост, дар пайдо кардани марди шахсияташ ношинос, ки дар садамаи рӯзи 14-уми июли имсол ҳалок шудаааст, кумак кунанд.

Ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ин марди ношинос шаби 14-уми июли соли 2017 дар шоҳроҳи Ваҳдат-Душанбе, дар рӯбарӯи деҳаи Шаҳристони ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ зери чархи мошини “Опел-Астра” мондааст.

Акси марде, ки дар садама ҷон бохтааст
Акси марде, ки дар садама ҷон бохтааст

Хуршед Миров, ронандаи ин воситаи нақлиёт, ҳангоми аз роҳ берун шудан пиёдагарди шахсияташ номаълумро пахш кардааст. Пиёдагард дар роҳ ба сӯи беморхона ба ҳалокат расидааст.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, синни ин мард тахминан 55-60-сола, қадаш 180 сантиметр, мӯйи сар ва ришаро сафед тасвир кардааст.

Замони ҳодиса дар тан либоси варзишии (футболка) сурх ва шими варзишии рангаш сиёҳ доштааст.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хоҳиш кардааст, ки дар сурати шинохтани ин мард ба онҳо хабар диҳанд.

Тамос: 221 21 21 Телефони боварӣ, 1919 алоқаи хидмати Мадад ва ‎227 98 98 қисми навбатдории Вазорати умури дохилии Тоҷикистон.

Гузоришҳои видеоӣ

Фирори садҳо зану кӯдаки ҷиҳодиён аз урдугоҳи Сурия
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:17 0:00
XS
SM
MD
LG