Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 20 зани ҷиҳодӣ бо камарбанди маргталабона дар Мавсил


Сарбози нерӯҳои амниятии Ироқ
Сарбози нерӯҳои амниятии Ироқ

Дар шаҳри Мавсил 20 зани ҷиҳодӣ боздошт шуд, ки омодаи ҳамла ба артиши Ироқ буданд. Дар ин бора нашрияи "Мавҷи Олмон" хабар дод. Дар байни боздоштшудаҳо шаҳрвандони Русия, Олмон, Туркия ва Канада ҳузур доранд. Онҳо дар чоҳи зеризаминӣ пинҳон шуда, бо худ силоҳ ва камарбанди маргталабона доштанд.

Ба иттилои расонаҳои Олмон, яке аз боздоштшудаҳо хонандаи 16-сола аз Саксония аст. Дар Олмон ӯро гумшудаи бе ному нишон медонистанд. То замони нопадидшавиаш дар соли 2016 Ӯ бино бар робитаҳои интернетиаш бо ҷонибдорони гуруҳи тундгарои "Давлати исломӣ" таҳти назорати пулис буд. Додситонии Олмон нисбати ин хонандаи мактаб бо гумони содир кардани ҷинояти сангини зиддидавлатӣ парванда кушода буд. Аммо парванда баъди нопадидшавии гумонбар қатъ гардид.

Сарвазири Ироқ Ҳайдар ал-Ибодӣ 10 июл аз озодшавии Мавсил хабар дод. Гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" соли 2014 Мавсилро ғасб ва онҷо хилофат ташкил кард. Мавсил барои ҷангҷӯён яке аз шаҳрҳои калидӣ буд.

XS
SM
MD
LG