Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бародари президенти Эрон бо гумони фасодкории молӣ боздошт шуд


Ҳусейн Фаридун, бародари раиси ҷумҳури Эрон Ҳасан Рӯҳонӣ
Ҳусейн Фаридун, бародари раиси ҷумҳури Эрон Ҳасан Рӯҳонӣ

Ҳусейн Фаридун, ёвар ва бародари хурдии Ҳасани Рӯҳонӣ, президенти Эрон бо гумони даст доштан дар ҷиноятҳои иқтисодӣ боздошт шуд. Дар ин бора 16-уми июл қувваи қазоияи Эрон хабар дод, аммо ҷузъиёти парвандаро ошкор накард.

Ғуломҳусайн Муҳсини Эжаӣ, сухангӯи қувваи қазоияи Эрон, дар як нишасти хабарӣ рӯзи якшанбе гуфт, ки “алайҳи Ҳусейн Фаридун ва шариконаш дар доираи чанд парванда тафтишот анҷом шуда, бархеи онҳо феълан дар боздоштгоҳанд”.

Ҳусейн Фаридун ёвари Ҳасан Рӯҳонӣ низ буд. Насаби президенти Эрон пештар Фаридун буд, вале ӯ баъдан онро ба Руҳонӣ иваз кард. Сиёсатмадорони муҳофизакори Эрон муддатҳост, ки бародари Рӯҳониро дар содир кардани ҷиноятҳои молӣ ва фасодкорӣ айбдор мекунанд.

Моҳи январи соли равон як гуруҳи вакилони порлумони Эрон хостанд, ки Ҳусейн Фаридун барои анҷоми ҷиноятҳои иқтисодӣ ба додгоҳ кашида шавад. Вале мунаққидон гуфтанд, ки ин дархост ангезаи сиёсӣ дорад.

XS
SM
MD
LG