Пайвандҳои дастрасӣ

Марям Мирзохонӣ дар чиҳилсолагӣ аз саратон даргузашт


Марям Мирзохонӣ

Марям Мирзохонӣ, донишманди эронӣ, ки соли 2014 ҷоизаи байналмилалии Fields Medal, мӯътабартарин ҷоизаи риёзиёти ҷаҳонро соҳиб шуда буд, бар асари бемории саратон даргузашт. Мирзохонӣ нахустин зане буд, ки ин ҷоизаро дар 37-солагӣ ба даст овардааст.

Наздикони Мирзохонӣ, профессори Донишгоҳи Стэнфорд, дар сӯҳбат бо баъзе расонаҳои Эрон, аз ҷумла хабаргузории нимарасмии “Меҳр” гуфтаанд, ки ӯ рӯзи 15-уми июл дар бемористоне дар Амрико ҷон дод.

Марям Мирзохонӣ соли 1977 дар Теҳрон зода шуда, мактаби Фарзонагони пойтахти Эронро хатм кардааст. Ӯ баъдан таҳсили худро дар риштаи риёзиёти Донишгоҳи санъатии Шариф идома дод ва аз ин донишгоҳ соҳиби диплом шуд. Ин нобиғаи риёзӣ сипас аз Донишгоҳи Ҳарвард низ дараҷаи докториро ба даст овард.

Бисёре аз эрониҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз марги Марям Мирзохонӣ изҳори таассуф карда, муҳаббат ва самимияти худро нисбат ба ӯ баён доштаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG