Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 7 шаҳрванди Узбакистон дар оташсӯзии вилояти Ленинград


акс аз бойгонӣ

Дар натиҷаи сӯхтор дар як анбори вилояти Ленингради Русия, ки шаби 13 июл сар зад, ҳафт муҳоҷири корӣ ба ҳалокат расид. Дар ин бора хабаргузории ТАСС иттилоъ медиҳад.

Ҷасади кушташудаҳо баъди поккории анбор аз паёмади сӯхтор пайдо шуд. Дар ин анбори санги роҳсозӣ истеҳсол мешуд.

Гуфта мешавад, ки сӯхтор масоҳати 600 метри мураббаъро фаро гирифт. Сабаби сӯхторро ҳанӯз дақиқ накарданд. ТАСС менависад, ки ҳамаи ҳалокшудаҳо шаҳрвандони Узбакистон будаанд.

Кумитаи тафтишоти Русия дар Санкт-Петербург аз рӯи ҳодисаи сӯхтор парванда боз кард.

Видеоҳои охирин

Андози зиёд мафоди ширкатҳои мобилии Тоҷикистонро коҳиш додааст
лутфан мунтазир бошед

No media source currently available

0:00 0:02:30 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG