Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори КҲФ аз вазиши боди шадид


Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон сокинони кишварро аз вазиши боди шадид дар рӯзҳои 14-15 июл, ҳушдор додааст. Бино ба маълумоти ин ниҳод, дар назар аст, дар ноҳияҳои ҷануб ва марказӣ боди сахт мевазад, ки суръати он дар ҳар сония аз 13 то 18 метр хоҳад расид. Ба гуфтаи манбаъ, ҳамчунин, дар ин рӯзҳо дар минтақаҳои баландкӯҳ гармии ҳаво ҳифз мешавад ва барфҳо ва пиряхҳо об мешаванд, ки хатари омадани сел, сангрезиш ва болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо аз эҳтимол дур нест.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз шаҳрванддон даъват кардааст, ки ҳангоми убур аз роҳҳои кӯҳӣ ва хатарзо эҳтиёткор бошанд ва дар ин рӯзҳо кӯдаконро ба ҳангоми оббозӣ дар дарёву ҳавзҳо беназорат намонанд. Мутахассисони ин ниҳод машварат додаанд, ба ҳангоми боди шадид аз кӯча худро дар таҳхонаву даромадгоҳи хонаҳо пинҳон сохта, паси деворҳои хонаҳо паноҳ набаранд, зеро эҳтимол меравад аз бомҳо шифер ва болопӯши дигар ба замин фуруд ояд, ки ин ба ҷони инсонҳо хатар хоҳад дошт.

XS
SM
MD
LG