Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Конгресс дар робита ба изҳори нобоварӣ ба президент пешниҳод гирифт


Сара Ҳакаби Сандерс, сухангӯи Кохи Сафед
Сара Ҳакаби Сандерс, сухангӯи Кохи Сафед

Узви Палатаи намояндагони Конгресси ИМА, аз Ҳизби Демократ Брэд Шерман рӯзи чаҳоршанбе пешниҳод кард, ки Конгресс масъалаи нобоварӣ ба президент Доналд Трампро баррасӣ кунад.

Шерман дар шарҳи ин пешниҳод гуфт, ки Трамп қонунҳои кишварашро сахт нақз кард ва бо барканории сардори Бюрои федеролии тафтишот (БФТ) Ҷеймс Комӣ, ки ба санҷиши дахолати Русияро дар интихоботи ИМА раҳбарӣ мекард, монеи татбиқи адолат шуд.

Брэд Шерман бо истинод ба суханҳои Комӣ афзуд, ки президенти ИМА аз раҳбари пешини FBI хостааст, то таҳқиқи ёвари пешинаш дар умури амнияти миллӣ Майкл Флинн бо намояндагони Русияро қатъ кунад.

Ин нахустин ташаббуси расмӣ бо талаби пеш аз муҳлат қатъ шудани салоҳиятҳои Трамп аст. Аз ин ибтикор ҳоло ду узви Конгресс ҷонибдорӣ доранд.

Мухолифон ҳамчун гузинаи дигар ба Конгресс пешниҳод карданд, ки барои таҳқиқи созиши эҳтимолии тими Трамп ва намояндагони Кремл дар давраи интихобот комиссияи мустақилро таъсис диҳад.

Сухангӯи Кохи сафед Сараҳ Ҳакаби-Сандерс пешниҳоди демократро “ҳамоқати ошкоро ва бадтарин шакли сиёсатмаобӣ” номид.

XS
SM
MD
LG