Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти ҳифзи қонун дар Душанбе як фасодхона ваё бангихонаеро ошкор кардаанд, ки дар дохили он дар лаҳзаи тафтишот чанд нафар баъди истеъмоли маводи мухаддир қарор дошт. Хушнуд Раҳматуллоев, сухангуи Оҷонсии мубориза бо маводи мухаддир рузи 12 июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ки бангихона дар кӯчаи академик Раҷабовҳои ноҳияи Шоҳмансури пойтахт рӯзи 7 июл ошкор шудааст.

Ҳангоми кофтуков дар ин манзил маводи сахттаъсири ҳероин барои истеъмоли чанддафъаина ва 15 адад сӯзандоруи истифодашуда ошкор шудааст. Бо гумони ташкили бангихона марди 41-солаи сокини пойтахт боздошт шудааст, ки дар гузашта ду маротиба барои даст доштан дар ҷинояти марбут ба маводи мухаддир ба ҷавобгарӣ кашида шудааст.

Фарзияи пешакӣ ин аст, ки ин бангихона давоми ду моҳ кор кардааст. Боздоштшуда гуфтааст, ки худи ӯ ҳам як мӯътоди маводи мухаддир аст ва ҳероинро аз шиносаш бо номи “Амир” бо ҳадафи фурӯш дастрас мекард. Дар паи ин ҳодиса ду гумонбари дигар дар ҳудуди шаҳри Ҳисор дастгир шуданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG