Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ёдбуди қурбониёни кушторҳои оммавии мусалмонон дар Сребернитса


Гуристони қурбониёни Босния ва Ҳерсоговина
Гуристони қурбониёни Босния ва Ҳерсоговина

Рӯзи 11 июл Иттиҳодияи Аврупо хотираи қурбониёни фоҷеаи Сребренитсаро гиромӣ дошт, ки дар он сербҳои Босния дар ҷараёни ҷанги Балкан дастикам 8 ҳазор мусалмонро қурбон карданд.

11 июли соли 1995 артиши сербҳои Босния таҳти фармондеҳии Ратко Младич минтақаи амни Созмони Милалро ишғол кард ва нерӯҳои сулҳпарвари Ҳолландро, ки теъдодашон камтар аз сербҳо буд, аз ин маҳал берун кард. Ба думболи ин дар Сребренитса кушторҳои оммавии мардҳо ва писарҳо сар шуданд.

Шӯрои Аврупо аз Босния даъват мекунад, ки ин ҳодисаро, ҳамон тавр, ки додгоҳи байналмилалии Ҳейг қарор кард, наслкушӣ эътироф кунад.

Даст доштан дар ин хушунатҳо як банди иттиҳом алайҳи Ратко Младич аст, ки қарори додгоҳии ӯ бояд то охири соли 2017 эълон шавад.

Моҳи марти соли 2016 президенти Сербистон Радован Караҷич бо айни иттиҳом ба муддати 40 сол зиндонӣ шуд.

Фоҷеаи Сребренитса бузургтарин фоҷеаи Аврупо баъди Ҷанги Дуюми ҷаҳонӣ аст.

XS
SM
MD
LG