Пайвандҳои дастрасӣ

Марзбонони Украина як полковники русро боздошт карданд


Олег Слободян

Марзбонони Украина аз боздошти як низомии рус хабар доданд, ки мехост, бо шиносмаи украинӣ ба Приднестров, минтақаи худмухтори Молдова ворид шавад. Намояндаи расмии Хадамоти давлатии марзбонии Украина Олег Слободян дар Фейсбук навишт, ки ин низомии русро аввали моҳи июн дастгир кардаанд.

Боздоштшуда ҳангоми убури марз шиносномаи украиниро ба номи Валерий Войтенко пешниҳод кардааст. Вале марзбонон дар мавриди ҳадафи сафари ӯ, ки гуфтааст, ба аёдати модари бемораш меравад, шубҳа кардаанд.

"Ҳангоми бозҷӯӣ дар либосҳои низомии рус ҷайби пинҳоние ошкор шуд, ки аз он рӯйхати ному насаб ва рақами телефони шахсиятҳои аввали Приднестров ва як қатор шаҳрвандони Русия, ордени "Ситораи сурх", телефони ҳушманд ва флэшкартаҳо ёфт шуд", - навиштааст Слободян.

Ба гуфтаи ӯ, дар флэшкартаҳо аксҳои боздоштшуда бо раҳбарони кушташудаи Донетск -- Михаил Толстих (мулаққаб бо Гивӣ) ва Арсен Павлов (Моторола), наворҳо аз макони даргириҳои Донбасс ва мавод дар бораи анҷоми як қатор амалҳои иктишофӣ ва харобкорӣ нигаҳдорӣ мешуд.

Бино ба иттилои мақомоти Украина, боздоштшуда полковники 52-сола Валерий Гратов мебошад. Ӯро ба кормандони Хадамоти амнияти Украина супурдаанд. Ҷониби Русия то ҳол боздошти Гратовро шарҳ надодааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG