Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъини маоши 1000-долларӣ барои омӯзгорони доғистонӣ дар Тоҷикистон


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Вазорати маориф ва илми Доғистон бо нашри як мактуби расмӣ гуфт, ба омӯзгороне, ки барои кор ба Тоҷикистон мераванд, 60 ҳазор рублӣ – мубодили ҳазор доллари амрикоӣ – маош хоҳад дод. Ин маблағ аз ҳисоби буҷаи Русия пардохта мешавад. Вазорат дар номааш, ки нусхаи он рӯзи 9-уми июл ба дасти Радиои Озодӣ расид, гуфтааст, Тоҷикистон омӯзгорони доғистониро бо манзили зист ва шароити маишӣ таъмин карда, харҷи сафари онҳоро низ ҷуброн мекунад.

Омӯзгороне, ки аз Русия ба Тоҷикистон меоянд, танҳо дар литсейҳои президентӣ дар саросари кишвар ба хонандагон дарс хоҳанд гуфт.

Вазорати маориф ва илми Доғистон аз раисони шуъбаҳои маорифи ин кишвар хостааст, ки барои кор дар Тоҷикистон омӯзгорони ботаҷрубаро пешниҳод кунанд. Вазорат мегӯяд, ҳоло марҳилаи санҷиши довталабони кор дар Тоҷикистон фаро расидааст ва дар сурати аз имтиҳон гузаштан омӯзгорон ба Тоҷикистон фиристода хоҳанд шуд.

Дар мактуби Вазорати маориф ва Доғистон гуфта мешавад, барои кор дар Тоҷикистон муаллимони фанни математика, информатика, биология, химия ва забони русиро ҷустуҷӯ доранд. Омӯзгорони довталаб бояд таҷрибаи на камтар аз 5-солаи омӯзгорӣ дошта бошанд.

Бо ҳар як омӯзгори довталаби кор дар Тоҷикистон шартномаи кории яксола баста мешавад, ки пас аз анҷоми муҳлат имкони тамдид кардани он вуҷуд дорад.

Бархе аз коршиносон мегӯянд, дар дохили Тоҷикистон низ кадрҳои хуб вуҷуд доранд ва агар ин миқдор пул барои онҳо пардохта шавад, ҳам буҷаи хонаводаҳо ва ҳам буҷаи кишвар як андоза фоида хоҳанд дид. Омӯзгорони мактабҳои миёна дар Тоҷикистон ба ҳисоби миёна 700 - 800 сомонӣ маош мегиранд.

Як омӯзгор аз вилояти Суғд рӯзи 9-уми июл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, маоши ӯ барои харҷи якмоҳааш кофӣ нест ва барои ҳамин маҷбур аст, ки дар ҷои дигар ҳам кор кунад. “Ақаллан ними ҳамин маоши омӯзгорони доғистонӣ ба мо дода шавад, бовар кунед, аз саҳар то шом бо хонандагон кор мекунем. Натиҷаи кор он вақт ҳосил мешавад. Бо шашсаду ҳаштсад сомонӣ бояд дар ҷойи дигар ҳам кор кунӣ. Ҳамин хел хотир парешон мешаваду дарси дуруст ҳосил намегардад”, - гуфт ӯ.

Ҳанӯз маълум нест, пас аз ин эълон чӣ қадар омузгорон аз Доғистон хоҳиши кор дар Тоҷикистонро пайдо мекунанд, аммо Михаил Вождаев – раиси идораи “Россодрудничество” дар Тоҷикистон қаблан ба Радиои Озодӣ гуфта буд, қарор аст, имсол нахустин гуруҳи 30-нафарии омӯзгорон аз Русия ба Тоҷикистон сафарбар шаванд.

Михаил Вождаев
Михаил Вождаев

Вождаев гуфта буд, барномаи эъзоми омӯзгорони пуртаҷриба аз Русия ба Тоҷикистон зери назорати Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои Федератсия, палатаи болои порлумони Русия, қарор дорад.

Ба гуфтаи Михаил Вождаев, дар сафари ахир Матвиенко дар мулоқоташ бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз ӯ хостааст, ки ҷиҳати фиристодани омӯзгорон аз Русия ба иқдом кунад. Ӯ гуфт, омӯзгороне, ки аз Русия ба Тоҷикистон меоянд, танҳо дар литсейҳои президентӣ дар саросари кишвар ба хонандагон дарс хоҳанд гуфт.

XS
SM
MD
LG