Пайвандҳои дастрасӣ

Оташбас дар Сурия ба иҷро даромад. Сукут аломати ризост?


Оташбас дар ҷануби Сурия рӯзи 9-уми июл ба иҷро даромад. Ин тавофуқ дар сӯҳбати рӯбарӯи Доналд Трамп – раиси ҷумҳури Амрико бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, рӯзи 7-уми июл дар шаҳри Ҳамбурги Олмон ҳосил шуда буд.

Созмони Дидбони ҳуқуқи башари Сурия, қароргоҳаш дар Лондон, рӯзи якшанбе гуфт, ба назар мерасад, оташбас ба истинои баъзе аз бомбаборни ҷудогона иҷро мешавад.

Аммо ҳукумати Сурия расман дар бораи ин оташбас чизе нагуфтааст. Танҳо як манбаъ дар ҳукумати Сурия бидуни ифшои номаш ба хабаргузории “Ройтерс” гуфтааст, ки сукути Димишқ аломати ризост.

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико рӯзи 9-уми июл дар “Твиттер” аз ин оташбас истиқбол кард ва гуфт, ки ӯ “зиндагиро наҷот хоҳад дод”.

Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ҳам аз оташбас дар ҷануби Сурия ҳимоят кард, вале дар айни замон гуфт, “ин оташбас набояд роҳро барои тақвияти низомии Эрон ва моҳвораҳояш дар Сурия, бахусус ҷануби ин кишвар, боз кунад. Ман ин гапҳоро дар сӯҳбат бо Доналд Трамп, президенти Амрико ва Владимир Путин, президенти Русия низ гуфтам. Ҳардуяшон ба ман гуфтанд, ки онҳо мавқеи Исроилро дар ин маврид дарк карда ва талабҳои моро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.”

Дар ҷараёни ҷанги шашсолаи Сурия чанд дафъа оташбас эълон шуда, аммо ҳеҷ кадоме онҳо умри дароз надоштаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG