Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Shell ба хонаводаи қурбониён 2,6 миллион $ ҷуброн хоҳад дод


Покистон ба ширкати нафти Shell дастур дод, ба хонаводаи қурбониёни таркиши як мошини ҳомили сӯзишворӣ, ки моҳи гузашта беш аз 200 кушта барҷо гузошт, дар маҷмуъ 2 миллиону 600 ҳазор доллар ҷуброн пардозад.

Ин мошини ҳомили сӯзишворӣ охири моҳи июни имсол дар роҳи Карочӣ – Лоҳур дар аёлати Панҷоб чаппа шуд.

Пулис гуфт, ки сокинони атроф баъди чаппа шудани мошин талош доштанд, сӯзишвории рехтаро ҷамъоварӣ кунанд, аммо сӯхтори шадид сар зад ва бисёриҳоро ба коми худ кашид.

Мақомоти Покистон рӯзи 5-уми июл гуфтанд, теъдоди қурбониёни ин ҳодиса ба 218 нафар расид ва вазъи саломати 38 нафари дигар, ки дар шифохона бистарианд, вахим ё ташвишовар аст.

Мақомот мегӯянд, ба ҳар хонаводаи қурбонӣ тақрибан даҳ ҳазор долларӣ ва барои маҷруҳон тақрибан ҳафт ҳазор долларӣ пардохт мешавад.

XS
SM
MD
LG