Пайвандҳои дастрасӣ

Баъзе ҷузъиёти мулоқоти Трамп бо Путин. ВИДЕО


Мақомоти Амрикову Русия баъзе ҷузъиёти суҳбати беш аз дусоатаи Доналд Трамп бо Владимир Путинро дар шаҳри Ҳамбурги Олмон ошкор карданд. Ин мулоқоти рӯбарӯи раҳбарони Амрикову Русия рӯзи 7-уми июл дар ҳошияи нишасти сарони бист кишвари саноатии ҷаҳон дар Олмон сурат гирифт.

Рекс Тиллерсон, вазири умури хориҷии Амрико ва ҳамтои русаш Сергей Лавров ба хабарнигорон гуфтанд, ки Трампу Путин масоили вобаста ба Украинаву Сурия, мубориза бо терроризм, ҷиноятҳои кибернетикӣ ва, инчунин, эҳтимоли мудохилаи Русия дар интихоботи соли гузаштаи Иёлоти Муттаҳидаро баррасӣ кардаанд. Тиллерсон дар оғози сӯҳбаташ ин мулоқотро созанда тавсиф кард ва гуфт, дар канори масоили дигар барномаи силоҳи ҳастаӣ ва мушакии Куриёи Шимолӣ низ як бахши муҳими сӯҳбат буд.

Гузориши видеоӣ бо забони русӣ: Дар мулоқоти Трамп ва Путин чӣ баҳс шуд?

Ӯ гуфт, дар ҳоли ҳозир таҳрим роҳи ҳалли мусолиматомези масъалаи Куриёи Шимолист. Рекс Тиллерсон афзуд, "ман инро маъракаи фишори сулҳомез мегӯям. Ин маъракаест, ки моро ба самти ҳаллу фасли мусолиматомез роҳнамоӣ хоҳад кард. Зеро агар ин талошҳо ба шикаст рӯбарӯ шавад, интихоби хуби зиёде нахоҳад монд."

Вазири умури хориҷии Амрико гуфт, дар мулоқоти рӯзи ҷумъа Доналд Трамп чанд дафъа ба раиси ҷумҳури Русия ба хотири иддао дар хусуси мудохилаи Кремлин дар интихоботи соли гузаштаи Иёлоти Муттаҳида фишор овардааст. Рекс Тиллерсон гуфт, раиси ҷумҳур Путин ҳар навъ мудохила дар интихоботи Амрикоро рад карда ва гуфтааст, ин шояд як масъалаи печидаи мавриди ихтилофи ду тараф дар ҳоли ҳозир бошад.

Аммо Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, ҳангоми ироаи маълумот ба хабарнигорон иддао кард, ки раиси ҷумҳур Трамп инкори Путинро дар бораи мудохилаи Маскав дар интихоботи Амрико пазируфтааст. Ӯ афзуд, "Доналд Трамп гуфт, изҳороти возеҳи Путинро дарк кард, ки иддао дар масъалаи мудохилаи Маскав ҳақиқат надорад ва ин изҳротро пазируфт."

Замоне ки аз вазири умури хорҷии Амрико суол шуд, ки оё ин гуфтаҳо дақиқ аст, Рекс Тиллерсон аз ироаи посух худдорӣ кард.

Дар ҳамин ҳол, “Интерфакс”, хабаргузории давлатии Русия, низ аз қавли Владимир Путин гуфт, ки ду тарафа рӯи бисёре аз масоил, аз ҷумла мавзӯи Украинаву Сурия, мубориза бо терроризм ва амнияти кибернетикӣ сӯҳбат кардаанд.

Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, гузориши хабаргузории “Ассошиайтед Пресс”-ро таъйид кард, ки Иёлоти Муттаҳида ва Русия ба як тавофуқи оташбас дар ҷануби ғарби Сурия даст ёфтанд. Ин оташбас аз рӯзи 9-уми июл мавриди иҷро қарор хоҳад гирифт.

Пеш аз ин Доналд Трамп чанд бор хостори беҳбуди раовбит бо Маскав шуда буд. Аммо ахиран маъмурияти ӯ аз таҳримҳо алайҳи Русия ҳимоят кардааст. Таҳримҳо болои Русия пас аз он ҷорӣ шуд, ки ин кишвар нимҷазираи Қримро тасарруф ва аз ҷудоиталабони мусаллаҳ дар шарқи Украина пуштибонӣ намуд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG