Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тавофуқи Амрикову Русия барои оташбас дар Сурия


Доналд Трамп ва Владимир Путин
Доналд Трамп ва Владимир Путин

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Русия рӯзи 7-уми июл оташбасеро дар ҷануби ғарби Сурия эълон карданд.

Баъди рӯйи кор омадани маъмурияти Доналд Трамп дар Иёлоти Муттаҳида ин талоши нахустин барои овардани сулҳ дар Сурияи ҷангзада будааст.

Ин оташбас, ки баъди дидори раиси ҷумҳури Амрико Доналд Трамп бо ҳамтои русаш Владимир Путин дар ҳошияи нишасти раҳбарони бист кишвари саноатии ҷаҳон дар Ҳамбурги Олмон эълон шуд, аз рӯзи 9-уми июл мавриди иҷро қарор қарор хоҳад гирифт.

Рекс Тиллерсон, вазири умури хориҷии Амрико, гуфт, ин нахустин қадамест, ки нишон медиҳад, Вашингтону Маскав дар масъалаи Сурия метавонанд бо ҳам кор кунанд.

XS
SM
MD
LG