Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамбург: Даргириҳои нави байни пулис ва тазоҳургарон


Тазоҳургарон мошинҳоро дар ҷараёни нишасти G20 оташ заданд
Тазоҳургарон мошинҳоро дар ҷараёни нишасти G20 оташ заданд

Рӯзи 7-уми июл дар остонаи ифтитоҳи нишасти бист кишвари саноатии ҷаҳон ё G20 дар шаҳри Ҳамбурги Олмон миёни пулис ва тазоҳургарон задухӯрдҳои тоза ҷараён гирифт. Мақомот гуфтанд, ки эътирозгарон ба идораи пулис ҳамла карда ва мошинҳоро оташ заданд.

Даргириҳо дар ҳоле сар заданд, ки раҳбарони кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон барои иштирок дар нишасти G20 дар рӯзҳои 7 – 8-уми июл ва баҳси тиҷорату тағйири иқлим дар Ҳамбург ҷамъ омаданд. Интизор меравад, дар онҷо мулоқоти раисони ҷумҳури Амрико ва Русия – Доналд Трамп ва Владмир Путин – баргузор шавад.

Президенти Комиссияи Аврупо Жан-Клод Юнкер ба хабарнигорон гуфт, ки раҳбарони ҷаҳон дар робита ба эътироз ва бетартибиҳо дар кӯчаҳои Ҳамбург “кару кӯр” набуданд.

Дар задухӯрди пештар бо эътирозгарон даҳҳо ходими пулис ва иштирокдорони эътирозҳо захмӣ шуд. Баъди ҳамла ба идораи пулис мақомоти Ҳамбург рӯзи 7-уми июл мошинҳои бузурги обпоширо ба кӯча бароварданд, то аз бетартибӣ ҷилавгирӣ шавад.

Пулиси Олмон дар Твиттер навишт, ки “алайҳи иштирокдорони зӯровариҳо, партоби моеи оташзо ба идораи пулис ва оташ задани мошини онҳо амалиёт ҷараён дорад.”

XS
SM
MD
LG