Пайвандҳои дастрасӣ

Трампу Путин дар ҳошияи ҳамоиши Гурӯҳи 20 мулоқот мекунанд


Рӯзи 7 июл президенти ИМА Доналд Трамп қарор аст яке аз музокироти хеле муҳимро дар ним соли президентиаш барпо мекунад: дар Ҳамбурги Олмон дар ҳошияи нишасти Гурӯҳи 20-гона мулоқоти рӯбарӯи Трамп бо президенти Русия Владимир Путин баргузор мешавад.

Ин нишаст ба хотири коҳиши шиддати бӯҳрон дар равобити сиёсии миёни ИМА ва Русия баргузор мешавад. Фаъолиятҳои Кремлин рӯи маъракаи пешазинтихоботии Трамп соя афканда буд ва ҳоло президенти Амрико талош мекунад бо Путин дар масоили Сурия, Украина, киберҳамлаҳо, озмоиши мушаки байниқоравии Кореяи Шимолӣ ва мубориза бо терроризм ба иттифоқи назар даст ёбад.

Трамп борҳо гуфтааст, ки дар равобит бо Маскав бояд аз шеваи нави муомила кор гирифт. Нишасти кишварҳои Гурӯҳи 20-гона инчунин аз назари талошҳои Трамп барои тақвияти ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва масоили тағйироти иқлим ҷалби таваҷҷӯҳ мекунад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG