Пайвандҳои дастрасӣ

Би-би-сӣ, як расонаи байналмилалии бритониёӣ рӯзи 5 июл эълон кард, ки дубора ба Узбакистон бармегардад. Ин расона, ки қароргоҳи Марказиаш дар Лондон ҷойгир ҳаст, барои дубора дар Узбакистон фаъолият кардан коргар меҷӯяд.

Сомонаи бахши узбакии Би-би-сӣ навиштааст, ба хабарнигороне ниёз дорад, ки ҳодисаҳои Узбакистонро бо касбияти баланд бозтоб дода тавонанд.

Маълум нест, ки ин расона кай дар Узбакистон ба кор оғоз мекунад.

Дафтари бахши узбакии Би-би-сӣ дар соли 2005, ҳамроҳ бо бахши узбакии Радиои Озодӣ дар ин кишвар баста шуданд. Пас аз ин, қисме аз кормандони ин ду расона, кори худро дар хориҷ аз Узбакистон ба роҳ монданд. Давоми ин ҳама сол Би-би-сӣ ҳамеша ҳодисаҳои Узбакистонро пайгирӣ намуда, хабару гузоришҳоро дар сомонаи вижаи бахши узбакӣ нашр мекард.

Би-би-сӣ дар ҳоле тасмими боз кардани намояндагиашро гирифтааст, ки ҳудуди як соли пеш Ислом Каримов, президенти вақти Узбакистон, ки бо сиёсатҳои сахтгиронаи худ маъруф буд, даргузашт ва шароити сиёсии ин кишвар дар замони президентии Шавкат Мирзиёев каме тағйир ёфтааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG