Пайвандҳои дастрасӣ

Русҳо дар ҳасрати Амрико, тоҷикон дар орзуи Русия


Ҳар як даҳумин шаҳрванди Русия мехоҳад дар Аврупо, Амрико, Австралия ва ё Чин зиндагӣ кунад.

ВЦИОМ - Маркази умумирусиягии афкори умум, ки ин пажӯҳишро анҷом додааст, мегӯяд, хоҳиши тарки Русияро 25 дар сад ҷавонони 18-24 сола ва 16 дар сад ҷавонони 25-34 сола дар дил доштаанд.

Сабаби чунин тасмимро 33 дар сад ба дарёфти сатҳи баландтари зиндагӣ ва маошу нафақаи болотар рабт додаанд.

Ба ҷуз ин, назардиҳандагон бо интиқод аз сиёсати ҳукумат, сатҳи баланди бекорӣ ва андози зиёдро сабабҳое донистаанд, ки онҳоро ба тарки Русия моил месозад.

Орзуи русҳо барои кӯч бастан аз Русия дар ҳолест, ки баръакс, аксари тоҷикон бар асоси назарпурсиҳо орзуи зист дар Русияро доранд. Тибқи иттилои расмӣ соли гузашта бар асоси як барнома 882 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон тобеияти Русияро ба қасди кору зиндагии ҳамешагӣ дар ин кишвар пазируфтанд. Ҳамзамон бештар аз панҷ ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар интизори тарки ҳамешагии Тоҷикистон ба қасди Русия худро дар барномаи “Переселение” номнавис кардаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG