Пайвандҳои дастрасӣ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон ҷасади ду зани ғарқшуда дар рӯдхонаи Cурхобро пайдо карда, як ҷасади дигарро ҷустуҷӯ мекунад.

Рӯзи 3-уми июл, соати 12-и нисфирӯзӣ бар асари афтодани санг аз баландӣ ба мошини Гулрухсор Ҷамолова ӯ бо ду зани ҳамсоя ва шавҳару писараш ба рӯдхонаи Сурхоб сарозер шуданд.

Як манбаъ аз Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон 4 июл ба Радиои Озодӣ гуфт, писар ва шавҳари ин зан, ки ҳама сокини ноҳияи Рашт мебошанд, тавонистанд аз рӯдхона саломат берун шаванд, вале зани ронанда ҳамроҳ бо ду ҳамсояаш ба об рафт. Субҳи 4 июл ҷасади ду зан пайдо шуда, вале ҳанӯз ҷасади Гулрухсор Ҷамоловаи 34-сола, ронандаи мошин бенишон аст.

Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 4 июл ба Радиои Озодӣ дар тафсилоти ин ҳодиса гуфт, "нисфирӯзии 3-уми июл ҳангоми убури роҳи канори дарёи Сурхоб аз боло санге афтода ба мошини навъи “Опел”-и рақами давлатиаш 91-33 таҳти идораи Ҷамолова Гулрухсор, соли тавалудаш 1982, сокини ноҳияи Рашт бархӯрд. Мошин бо чор мусофираш ба дарё рафт. Ду тан наҷот ёфтанд. Ҳоло ҷасади ду зан пайдо шудааст ва ҷасади ронанда ҷустуҷӯ мешавад".

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG