Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Задухӯрди марзбонони тоҷик бо қочоқчиёни афғон дар Панҷ ва Ҳамадонӣ


Нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар ду ҳодисаи ҷудогона, аз убури ғайриқонунии қочоқчиёни афғон ва интиқоли маводи мухаддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон, ҷилавгирӣ кардаанд.

Муҳаммадҷон Улуғхоҷаев, сухангӯи Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки шаби 3-юми июл ҳангоми гузаронидани амалиёт, қочоқбарони афғон дар яке аз минтақаҳои дидбонгоҳи тобеи Отряди марзии Панҷ ҳини убури марз ба амри марзбонони тоҷик итоат накарданд ва оташ кушоданд. Ба гуфтаи вай, дар пайи он миёни марзбонони тоҷик ва қочоқчиёни афғон даргирӣ сурат гирифт. Ба иттилои манбаъ, пас аз фирори қочоқчиён ба он сӯи марз ва ҳини тафтиши ҷои ҳодиса, 16 килограм ҳашиш, як мил АКМ 74, як адад тирдон бо тирҳои қутраш 7,62 дарёфт ва мусодира карда шуд.

Ба иттилои ҳамин манбаъ, дар ҳодисаи мушобеҳ дар нимашаби 3-юми июл дар минтақаи тобеияти қисми марзбонии "Ҳамадонӣ" миёни марзбонони тоҷик ва қочоқчиёни афғон задухӯрд сурат гирифтааст. Муҳаммадҷон Улуғхоҷаев гуфт, ки дар пайи ин ҳодиса ва ҳини тафтиши маҳали даргирӣ 2 ҷасади қочоқчиён ва ҳамчунин 4 килограм афюн, як адад телефонӣ мобилӣ ва як адад корди шикорӣ дарёфт ва мусодира карда шуд. Дар ҳоли ҳозир Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар Хатлон ин ҳодисаҳор тафтиш мекунад.

Тоҷикистон бо Афғонистон 1400 километр марзи муштарак дорад, ки яке аз қаламравҳои мавриди таваҷҷӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир ва ҳам гурӯҳҳои силоҳбадаст аст. Солона дар ин марз даҳҳо ҳодисаҳои кӯшиши убури ғайриқонунии марз аз ҳарду тараф ба қайд гирифта мешавад.

XS
SM
MD
LG