Пайвандҳои дастрасӣ

Ироқиҳо ба ҷашни озодии Мавсил аз ДИИШ омодагӣ мегиранд


Рақси нерӯҳои Ироқ баъди ишғоли Мавсил

Ироқиҳо ба ҷашни пирӯзӣ бар гурӯҳи тундрави "Давлати Исломӣ" дар Мавсил омодагӣ мегиранд. Ҷангиёни ДИИШ танҳо якчанд ноҳияро таҳти назорат доранд ва барои ҳимояи мавқеи худ сарсахтона мубориза мебаранд.

Рӯзи 2 июл нерӯҳои Ироқ бо пуштибонии Ийолоти Муттаҳида, парчами худро дар биноҳҳои харобшудаи Шаҳри Кӯҳна, бо шумули Масҷиди номдори Ал-Нурӣ парафшон карданд. Масҷидро бо манори машҳӯраш ҷангиёни ДИИШ дар ҳоле тарконданд, ки бохти онҳо дар ин набард рушан зоҳир шуд.

Ҳукумати Ироқ дар як изҳорот гуфт, ки мақомот бахшида ба озодшавии Мавсил барномаи ҷашни якҳафтагиро тарҳрезӣ мекунанд.

Интизор меравад, ки нахуствазири Ироқ Ҳайдар ал-Ибодӣ пирӯзӣ бар ДИИШ-ро дар сафаре ба Мавсил расман эълон кунад.

Генерали ироқӣ Набил ал-Фатлавӣ, фармондеҳи нерӯҳои вежаи зидди террористӣ гуфт, ки Шаҳри Кӯҳна ҳанӯз ба пуррагӣ озод нашудааст ва дар он ҳудудан 300 ҷангии тундрав, аксаран авпуроӣ, араб ва осиёӣ боқӣ мондаанд.

Озодии Мавсил зарбаи шадид ба ДИИШ хоҳад буд, ки дар соли 2014 қаламрави бузургеро таҳти назорат дошт ва алайҳи ҳукумати Ироқ ва Сурия муборизаи бераҳмона мебурд.

Ин гурӯҳ ҳанӯз ҳам баъзе манотиқро дар ғарб ва ҷануби Мавсил таҳти назорат дорад ва ҳазорҳо мардуми мулкӣ дар он ҷо дармондаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG