Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Правандаи таҳқири президенти Қирғизистон ба додгоҳ рафт


Додгоҳи Октбярскии Бишкек чаҳор мурофиаи алоҳида алайҳи сомонаи мустақили хабарии "Zanoza.kg" -ро оғоз кард, ки ба таҳқири раиси ҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев муттаҳам мешавад.

Се мурофиаи аввал рӯзи 29 июн дар ҳамин додгоҳ оғоз ва ба рӯзи дигар гузошта шуд. Интизор меравад, ки мурофиаи чаҳорум рӯзи 30 июн дар додгоҳи ҳавзавии Бишкек сурат бигирад.

Додситонии кулли Қирғизистон панҷ шикоятро бо иттиҳоми таҳқири президент, алайҳи "Zanoza.kg" ва рӯзноманигор Нарин Аюб аввали сол ироа кард. Мақолаҳои ба гуфтаи додситонӣ таҳқиромез, моҳҳои октябри соли 2015 ва моҳи марти соли 2017 нашр шудаанд.

Нарин Аюб парвандаи худро сиёсӣ медонад.

Додситон ҷуброни хисороти маънавии президент Алмосбек Отамбоевро $392 000 ҳисоб кард ва аз ProMedia, ношири "Zanoza.kg" ва Нарин Аюб пардохти ҳамин маблағро талаб дорад.

Моҳи марти соли равон додгоҳи Қирғизистон ҳисобҳои бонкии Promedia-ро мунҷамид кард ва хонаи ин созмон дар бишкекро ба гарав гирифт. Рӯзноманигор Аюб мамнуъулхуруҷ эълон шуд.

Кумитаи дифоъ аз журналистон аз Бишкек талаб дорад, ки иттиҳомро алайҳи сомона ва рӯзноманигор лағв кунад.

XS
SM
MD
LG