Пайвандҳои дастрасӣ

Лағви андозҳо барои ворид кардани тиллову нуқра


Порлумони Тоҷикистон пардохти андози изофа ва боҷи гумрукӣ барои ворид кардани маҳсулоти тиллову нуқраро, лағв кард. Ин иқдом рӯзи ҷумъаи 30-юми июн дар иҷлосияи навбатии Маҷлиси намояндагон зимни ворид кардани тағйирот ба Қонуни будҷаи соли 2017, сурат гирифт.

Ба ин тартиб, пардохти андози изофа ва боҷи гумрукӣ барои ворид кардани маснуоти тиллову нуқра аз хориҷ ба Тоҷикистон лағв шуд. Аммо танҳо андозҳо барои 1 грамм тилло, ки 18 сомонӣ ва барои 1 грамм нуқра, ки 3, 6 сомониро ташкил медиҳад, боқӣ мемонанд. Тибқи омори расмӣ, соли гузашта аз ин ҳисоб ба будҷа 6 миллиону 961 ҳазор сомонӣ ворид шудааст.

Бино ба омори расмии соли 2015, дар як сол дар Тоҷикистон ба маблағи то 4 миллион доллар тилловорӣ харидорӣ мешавад ва бозори ин кишвар солона ба беш аз 3 тонна тилло талабот дорад. Занони тоҷик бештар ба тиллоӣ воридотии туркӣ ва илолиёӣ таваҷҷуҳ доштаанд. Сандуқчаи ҷавоҳироти ҳар зани тоҷик, новобаста ба он ки аз кадом қишр аст ва вазъи зиндагиаш чӣ гуна, ҳатман як ё чанд ороишоти тиллоӣ дорад. Зару зевари тиллоӣ як бахши аслии ҷиҳози арӯсии духтарон дар Тоҷикистон ҳам ҳаст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG