Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қазоқистон дояро барои рабудани кӯдак 7 сол зиндонӣ карданд


Додгоҳе дар шаҳри Темиртауи вилояти Қарағандаи Қазоқистон доя Айнур Айдарбекро барои рабудани духтарчаи 2-сола 7 сол зиндонӣ кард. Волидайни духтарча Айнурро, ки бесарпаноҳ буд, ба хонаашон роҳ дода буданд ва дар набудани онҳо доягӣ мекард. Моҳи марти соли равон Айнур кӯдакро бо худ бурда, дар номае аз волидайнаш хоҳиш мекунад, ки ӯро бубахшанд ва ба пулис муроҷиат накунанд, базудӣ тифлро бармегардонад. Вале онҳо аз ин ҳодиса ба пулис хабар доданд.

Додгоҳ Айнур Айдарбеки 22-сола, мураббии пешини боғчаро, ки гуноҳи худро пурра ба гардан гирифт, дар "рабудани инсон" ва "дуздидани моликияти шахси бегона" айбдор эълон кард. Вакили дифои ӯ аз додрас хоста буд, ба зерҳимояаш ҷазои ғайри маҳрум кардан аз озодӣ таъйин кунад.

"Айнур рӯзҳои сахтеро гузарондааст. Аз ҷабрдидаҳо хоҳиш мекунад, ки ӯро ба хонаашон роҳ диҳанд ва розӣ мешавад, ки дар набудани онҳо аз кӯдакашон муроқибат кунад. Шавҳараш Айнурро тарк карда, ӯро бесарпаноҳ мегузорад. Ҳамчунин вай ду бор фарзандашро аз даст додааст. Духтарча Айнурро модар садо мекунад ва ӯ ба тифл одат менамояд. Вай мехост, модариро эҳсос кунад ва фикр намекард, ки ин амали ӯ кӯдакрабоӣ аст. Кӣ нома гузошта, кӯдакро медуздад?", - изҳор дошт вакили дифои Айнур дар додгоҳ.

Тавре дар рафти тафтишот маълум гашт, доя духтарчаро ба шаҳри Остона бурда, дар манзили як мард дар хобгоҳе мегузорад ва худ пинҳон мешавад. Вале ӯро худи ҳамон рӯз дастгир карданд

XS
SM
MD
LG