Пайвандҳои дастрасӣ

Кохи Cафед: Трамп бо Путин дар Ҳамбург мулоқот мекунад


Президенти ИМА Доналд Трамп бо ҳамтои руси худ Владимир Путин ибтидои моҳи июл дар доираи саммити "Бистгонаи бузург" дар Олмон мулоқот хоҳад кард. Ин нуқтаро намояндаи баландпояи Кохи Cафед рӯзи панҷшанбе расман баён дошт. Мушовири президенти ИМА дар умури амнияти миллӣ Ҳерберт Макмастер дар суҳбат бо рӯзноманигорон афзуд, феҳристи масъалаҳои мавриди баҳси ду раҳбар ҳанӯз муайян нашудааст.

Ҳамоиши сарони "Бистгонаи бузург" қарор аст, рӯзҳои 7-8 июли соли равон дар шаҳри Ҳамбурги Олмон баргузор шавад. Мулоқоти Трамп ва Путин дар доираи ин саммит нахустин дидори онҳо хоҳад буд. 28-уми июн вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров низ хабар дод, ки раҳбарони ду кишвар дар Олмон мулоқот мекунанд. Ӯ афзуд, ки "руҳияи зиддирусӣ дар Вашингтон" ба ҳамкории Русия ва ИМА дар масъалаҳои ҷаҳонӣ монеа эҷод мекунад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG