Пайвандҳои дастрасӣ

СММ: Вируси ахирро "кӯдак ҳам" метавонист ба кор андозад


Муҳаққиқон ҳанӯз мушаххас накардаанд, ки чӣ касе киберҳамлаи азими ахирро анҷом додааст, вале аз назари як мутахассиси СММ оид ба ҳамлаҳои ҳакерӣ, даромади пулӣ ҳадафи аслӣ набуд. Рӯзи 29 июн Нейл Волш, раиси барномаи ҷаҳонии киберҷиноятҳои СММ дар шаҳри Вена гуфт, вируси ахиран пахшшуда назар ба WannaCry хеле фарқ мекунад.

Вай гуфт, рахнагарон барои ҷамъоварии маблағи осебдидагони вирус танҳо як адреси имейлӣ дар системаи Bitcoins-ро ишора кардаанд, ки баста шудани он аз ҷониби танҳо як провайдер хеле осон аст. Вай гуфт, ки зоҳиран ҳамлагарон таҷрибаи нокофӣ доранд ва дар кори рахнагарӣ ғайрикасбӣ мебошанд. Вай гуфт, ин корро “як кӯдак ва як давлат ҳам метавонист анҷом диҳад”.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG