Пайвандҳои дастрасӣ

НАТО афзоиши нирӯҳои иловагӣ ба Афғонистонро баррасӣ мекунад


Акс аз моҳи марти соли 2017

Вазирони хориҷаи 29 кишвари узви НАТО рӯзи 29 июн барои баррасии хароҷот дар соҳаи дифоӣ ва ирсоли нирӯи бештар ба Афғонистон ба хотири муқобила бо шӯришиёни Толибон дар шаҳри Брюссел ташкили ҷаласа мекунанд.

Зимни суханронӣ дар остонаи ин нишаст Дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг гуфт, ки кишварҳои узв барои афзоиши нирӯ дар Афғонистон мувофиқ ҳастанд, вале ба ҳеҷ сурат ҳузури онҳо на ба хотири ширкат дар амалиёти ҷангӣ мебошад. Феълан 13,500 низомии НАТО, ки нисфашон амрикоиҳо мебошанд, дар Ҳайати кӯмак барои ҳалли низои Афғонистон дар ин кишвар ҳузур доранд.

Федерика Моғеринӣ, раҳбари сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо дар Брюссел ба хабарнигорон рӯзи 29 июн гуфт:

“Мебинам, ки ҳамкорони минтақавӣ омодаанд барои кӯмак дар ин ҷараён ҳамроҳ шавванд ва фикр мекунам, ки ҳар нафар дарк мекунад, ки сулҳу амният дар Афғонистон, пешрафт дар Афғонистон барои кишварҳои минтақа ҳам хеле хуб аст. Аз ҳамин хотир, ман аз дурнамои сиёсӣ чандон ноумед нестам, вале кори хеле зиёде дар пеш аст”.

Столтенберг гуфт, ки 15 кишвари узви НАТО аллакай барои ирсоли нирӯи бештар ба Афғонистон изҳори омодагӣ кардаанд. Матбуоти амрикоӣ гузориш дод, ки маъмурияти президент Доналд Трамп барои ирсоли 3 то 5 ҳазор нирӯи иловагӣ омодагӣ нишон додаанд. Дар гузашта вазири хориҷаи Амрико Ҷим Маттис гуфтааст, ки афзоиши нирӯҳо ба хотири аз ҳолати бумбаст баровардани вазъи миёни нирӯҳои ҳукуматӣ ва Толибон ҳосилшуда зарур аст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG