Пайвандҳои дастрасӣ

Вазири дифои ИМА: Путин назми байналмилалиро ба чолиш мекашад


Germany -- U.S. Defence Secretary Jim Mattis is seen at a press conference before the commemoration of the 70th anniversary of the Marshall Plan at the George C. Marshall Center in Garmisch-Partenkirchen, June 28, 2017

Вазири дифои ИМА Ҷим Маттис президенти Русия Владимир Путинро дар вайрон кардани назми ҷаҳон айбор кард.

Маттис дар суханронии рӯзи 28 июн бахшида ба 70-солагии қабули нақшаи Маршалл - барномаи барқарории Аврупо баъди Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ - гуфт, Путин ба ҳудудҳои берун аз қаламрави кишвари худ зиён мерасонад, "аммо ин ба Русия кӯмак намекунад, ки шукуфоияшро баргардонад ва ё ба орзуҳояш бирасад". Маттис дар Маркази аврупоии таҳқиқи масоили амниятии ба номи Маршалл дар шаҳри Гармиш-Партенкирхеи Олмон суханронӣ кард.

Вазири дифои Амрико дар мавриди сардшавии муносибатҳои Москва ва Ғарб гуфт, ки Русия бо ғасби Қрим дар соли 2014 ва дахолати эҳтимолиаш дар интихоботи соли 2016-и Амрико "низоми баъдиҷангӣ ва суботи дунё"-ро ба чолиш кашидааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG