Вазири умури хориҷии Маҷористон (Венгрия) гуфт, кишвараш аз Иттиҳоди Аврупо хоҳад хост, ки барои тақвияти марзҳои Тоҷикистон бо Афғонистон ба Душанбе дар ҳаҷми 100 миллион евро кумак кунад. Оҷонсии «Интерфакс» менависад, ин изҳоротро Петер Сиярто рӯзи 28-уми июн дар як нишасти матбуотӣ дар Душанбе баён дошт.
Сиярто гуфт, ки Маҷористон ба талошҳои Тоҷикистон дар амри ҳимоят ва тақвияти амнияти марзаш бо Афғонистон “баҳои баланд” медиҳад. Вай гуфт, Тоҷикистон "амалан марзҳои Авруосиё ва Аврупоро ҳимоят мекунад" ва намегузорад, ки зуҳуроте мисли терроризму ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир вориди ин кишвар шаванд.
Ба таъкиди ӯ, бо ин амалаш Тоҷикистон дар таъмини амнияти Аврупо ҳам саҳмгузор мешавад. Сиярто гуфт, бо ҳамин далел мехоҳад, ба Тоҷикистон аз ҳисоби Иттиҳоди Аврупо кумак расонда шавад.
Вазири аврупоӣ, инчунин, гуфт, ки Маҷористон барои кӯмак дар омода кардани мутахассисони соҳаи оби Тоҷикистон дар донишгоҳҳои Венгрия 20 бурсияро бо қарзи 38 миллион евро ихтисос медиҳад.
Тоҷикистону Венгрия 25 соли собиқаи ҳамкориҳои дипломатӣ доранд ва дар мулоқоти рӯзи чаҳоршанбе Эмомалӣ Раҳмон ва Петер Сиярто ба зарурати идомаи ҳамкориҳои ду кишвар, инчунин дар чаҳорчӯби СММ, Иттиҳоди Аврупо, Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо ва дигар ташкилоту созмонҳои байналмилалии иқтисодию молиявӣ таъкид кардаанд. Дар ин мулоқот инчунин масоили ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, гидроэнергетика, технологияи инноватсионӣ, маориф, тандурустӣ, фармасевтӣ ва фарҳанг баррасӣ шудааст.