Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суръати паҳншавии "Петя" камтар шуд


27 июн фурудгоҳи байналмилалии Борисполи Киев ҳам аз вируси рахнагар осеб дид
27 июн фурудгоҳи байналмилалии Борисполи Киев ҳам аз вируси рахнагар осеб дид

Компютерҳои сартосари сайёра мавриди ҳамлаи азими ҳакерӣ қарор гирифт. Дар натиҷаи ин рахнагарӣ ширкатҳои украинӣ осеби бештар дидаанд.

Дар оғоз эҳтимол мерафт, ҳадафи аслии ҳамла, ки рӯзи 27-уми июн шурӯъ шуд, Украина мебошад. Чунки шабакаҳои электронии ҳукумат, вебсайтҳои бонкҳо, ширкатҳои азими истеҳсолӣ, хадамоти почта, фурудгоҳи байналмилалӣ ва ҳам пойгоҳи атомии Чернобил осеб диданд. Вале баъдан маълум шуд, ки компютерҳо дар гӯшаҳои дигари ҷаҳон ҳам аз кор баромаданд.

Дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг рӯзи 28-уми июн дар Брюссел, дар остонаи нишасти ин паймон гуфт, ки ҳамлаҳои ҳакерӣ зарурати тақвияти амнияти компютериро таъкид мекунад.

Ӯ дар робита бо Украина гуфт, "НАТО ба Украина дар тақвияти ҳимояти амнияти компютериаш кумак мекунад. НАТО як бунёде ташкил додааст, ки маблағгузории барнома ва фаъолиятҳоро дар ин замина пешбинӣ мекунад. Аз ҳамин хотир, мутахассисони НАТО ва худи паймон ба Украина дар амри тақвияти амнияти фанниаш кӯмак хоҳад кард”.

Рӯзи 28-уми июн суръати паҳншавии вирусе бо исми рамзии “Петя” заиф шуд. Дар қораи Осиё чанд ширкати аврупоӣ ҳам осеб дид. Ҳамлаи ҳакерии охир хеле шабеҳ ба шеваи паҳншавии вируси компютерие будааст, ки моҳи гузашта ба комютери сокинону коргоҳҳои бисёр кишварҳо асар кард.

XS
SM
MD
LG