Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИА таҳрими Русияро ним соли дигар тамдид кард


Кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо ба таври расмӣ мӯҳлати таҳримҳои иқтисодии Русияро то 6 моҳи дигар тамдид карданд. Тасмиме, ки рӯзи 28 июн дар поёни нишасти дурӯза дар Брюссел гирифта шуд, мӯҳлати амали таҳримҳоро то 31 январи соли ҷорӣ дар назар мегирад. Дар ин нишаст садри аъзами Олмон Ангела Меркел ва президенти Фаронса Эммануэл Макрон дар робита бо низоъҳои идомаёбанда дар шарқи Украина суханронӣ карданд, ки апрели соли 2014 сар зад.

Русия дар ин низоъҳо аз ҷудоиталабон ҳимоят мекунад. Раҳбарони аврупоӣ ба зарурати риояи созиши оташбаси Минск таъкид карданд, ки соли 2015 имзо шудааст. Дар се соли низоъҳо дар Украина аз ҳарду тараф 10 ҳазор нафар кушта шудаад.

Дар Иттиҳодияи Аврупо ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дипломатҳои аврупоӣ ба зарурати ҳифзи мавқеи шадид нисбати Маскав дар масъалаи Украина таъкид карда, ҳамзамон гуфтаанд, ки даричаи музокирот бояд боз монад. Таҳримҳои аврупоӣ бештар марбут ба бонку сохторҳои молиявии Русия буда, бори аввал баъди ғасби нимҷазираи Қрим аз сӯи Русия дар соли 2014 ҷорӣ шуд. Аз он замон то имрӯз таҳримҳо ҳар ним сол тамдид мешаванд.

XS
SM
MD
LG