Пайвандҳои дастрасӣ

Амният -- меҳвари гуфтугӯи Эмомалӣ Раҳмон ва вазирони дохилии СНГ


Дар дидори раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо вазирони умури дохилии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, масоили марбут ба амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ, баррасӣ шудааст. Бино ба иттилои расмӣ, субҳи 28-уми июн Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо вазирони умури дохилии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), мавзӯи ҳамкориҳои Тоҷикистон бо кишварҳои ИДМ дар мубориза алайҳи терроризм, ифротгароӣ, ҷиноятҳои созмонёфтаи фаромарзӣ, гардиши маводи мухаддир ва ҷилавгирӣ аз пайвастани шаҳрвандон ба гурӯҳҳои террористию ифротиро, матраҳ кардааст.

Амнияти минтақавӣ яке аз мавзӯъҳои меҳварӣ дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо вазирони умури дохилии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил будааст. Дар ин мулоқот Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бояд барои муқобила “бо таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир тадбирҳои муштарак андешанд” ва "муштаракан алайҳи ин зуҳуроти номатлуб", мубориза баранд.

Ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои дохилии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) имрӯз, 28-уми июн дар Душанбе оғоз ёфт. Бино ба иттилои расмӣ, мавзӯи аслии ин ҳамоиш, баррасии раванди иҷрои Барномаи байнидавлатии мубориза бо ҷиноятҳо, ба шумор меравад. Дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои дохилии ИДМ, вазирони умури дохилии Русия, Озарбойҷон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Узбакистон, раиси Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил ва дигар ҷиноятҳои хавфнок дар ҳудуди ИДМ Олег Коновалов, муовинони вазирони корҳои дохилии Молдова, Арманистон ва муовини раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ, ширкат доранд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG