Пайвандҳои дастрасӣ

Созиши муқобила бо маводи мухаддир дар ҳудуди СНГ нав шуд


Рӯзи 28 июн президент Эмомалӣ Раҳмон вазирони умури дохилаи кишварҳои СНГ ё Муштарак-ул-манофеъро ба ҳузур пазируфт

Вазирони умури дохилаи кишварҳои Муштарак-ул-Манофеъ, ки рӯзи 28 июн дар Душанбе ташкили ҷаласа карданд, созишномаи нави мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддирро ба имзо расониданд. Оҷонсии Интерфакс бо такя ба дафтари матбуоти ВКД-и Русия навишт, ки созиши ҳамкориро аз ҷониби Русия Владимир Колоколтсев имзо кард.

Дар хабар гуфта мешавад, ки протоколи имзошуда ба Созишномаи ҳамкорӣ дар заминаи мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва маводи маснуии нашъадор, ки 30 ноябри соли 2000-ум имзо шудааст, тағйиру иловаҳо ворид мекунад. ВКД Русия гуфтааст, ки аз он замон то имрӯз шароит дар ин бахш тағйир ёфта, дар бозори сиёҳ навъҳои маснуии мухаддирот афзоиш ёфтааст ва санади имзошуда дар натиҷаи таҳлилу омӯзиши ин таҳаввулот қабул шуд.

Колоколтсев дар ҷараёни сафараш ба Душанбе бо раиси Оҷонсии мубориза бо маводи мухаддири назди президенти Тоҷикистон Шерхон Салимзода ҳам мулоқоти ҷудогона баргузор кард.

Тоҷикистони ҳаммарз бо Афғонистон дар саргаҳи мубориза бо маводи мухаддир қарор дорад ва дар сурати рахна шудани ин мавод ба фаротари марзҳои Тоҷикистон хатари ба кишварҳои Муштарак-ул-Манофеъ ва Русияву Аврупо роҳ ёфтани он вуҷуд дорад. Дар як маврид соли 2016 мақомот дар марзи Эрону Озарбойҷон як шаҳрванди Тоҷикистон бо иттиҳоми қочоқи 137 кг маводи мухаддир боздошт карданд.

Соли 2016 сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон аз қочоқи 3426 кг маводи мухаддир ҷилавгирӣ карданд, ки 1250 кг камтар назар ба соли 2015 будааст. Шерхон Салимзода, раиси оҷонсӣ дар як нишасти матбуотии худ феврали соли ҷорӣ гуфт, дар давоми як соли гузашта аз фаъолияти 62 гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ ҷилавгирӣ шуд, ки даст ба қочоқи ин мавод мезаданд. Аз миёни маводи мусодирашуда 18, 377 кг маводи сахттаъсири ҳероин будааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG