Президенти ИМА Доналд Трамп рӯзи панҷшанбе нақшаи бештар кардани истихроҷи нафт ва газу ангишт дар Амрико, инчунин содироти захираи энергетикиро эълон мекунад. Ҳадафи ин тарҳ - ташкили ҷойҳои корӣ ва пешниҳоди маводи сӯхти арзон ба шарикон унвон шудааст, хабар медиҳанд расонаҳои Амрико.
Ба гуфтаи намояндагони дастгоҳи президенти ИМА, Трамп ин тарҳашро рӯзи панҷшанбе дар вазорати энергетика муаррифӣ мекунад. "Тасаллути энергетикӣ" яке аз мавзуҳои асосии Трамп хоҳад буд. Ҷузъиёти суханронии Трамп хабар дода намешавад. Танҳо дақиқ аст, ки пешниҳоди ӯ кам кардани назорати давлат дар бахши энергетикӣ ва ташкили шароити мусоид барои содироти маводи сӯхти амрикоиро дар бар мегирад.
Тавре вазири энергетикаи ИМА Рик Перрӣ гуфт, бахши муҳими стратегияи нави кишвар содироти гази моеъ аст. ИМА ҳамчунин ният дорад, содироти ангиштро бештар кунад, сармоягузорӣ дар бахши технологияро ба роҳ монад ва дар коҳиши партовҳои зараррасони неругоҳҳои барқӣ, ки бо ангишт фаъолият мекунанд, саҳм гузорад. Ба гуфтаи Перрӣ, Украина мумкин аст, дар оянда ангишти ИМА-ро харидорӣ кунад. Рушди нерӯи ҳастаӣ низ аз нақшаҳои нави дастгоҳи президенти ИМА аст, гуфт вазир.