Пайвандҳои дастрасӣ

Додситонии Амрико мухолифи раҳоии паноҳандаи узбак аст


Ҷамшед Мухторов бо зану фарзандаш.

Додситонии Амрико дар талоши манъи раҳоии як марди узбак аст, ки панҷ сол қабл дар Иёлоти Муттаҳида боздошт шуда ва ба иттиҳоми пуштибонӣ аз гурӯҳҳои тундрави исломӣ, мунтазири мурофиаи додгоҳӣ мебошад.

Дафтари ваколатдори Амрико дар Денвер рӯзи 27-уми июн аз додгоҳи таҷдиди назари ин кишвар хост, ҳукми озодии Ҷамшед Мухторовро, ки чаҳор рӯз пеш аз сӯи як додгоҳи зинаи поёнӣ содир шуд, бознигарӣ кунад. Қарор аст, муҳокимаи ӯ соли оянда оғоз шавад.

Мухторови 40-сола гуфтааст, ки таъхири такрор ба такрори муҳокимаи додгоҳӣ нақзи ҳуқуқи ӯ мебошад ва хостори баргузории ҳарчӣ зудтари мурофиа шудааст. Аммо додситонҳо гуфтаанд, ки озодии ӯ хатарнок мебошад.

Ҷамшед Мухторов ба қочоқи телефонҳои ҳушманд ва васоили дигари электронӣ ба “Иттиҳоди ҷиҳодӣ исломӣ” – як гурӯҳи тундрави узбакистонӣ, ки дар Покистон пойгоҳ дорад, муттаҳам мешавад. Ӯ шаҳрванди Амрико нест, аммо ҳамчун “паноҳандаи сиёсӣ” аз Узбакистон мақоми қонунии паноҳандагӣ дорад ва дар минтақаи Денвер зиндагӣ мекунад.

Ӯ моҳи январи соли 2012 боздошт шуда буд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG