Пайвандҳои дастрасӣ

Путин президент ва мардуми Тоҷикистонро табрик кард


Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон

Президенти Русия Владимир Путин ба муносибати 20-солагии имзои созишномаи сулҳи тоҷикон ба унвонии президент Эмомалӣ Раҳмон барқияи табрикӣ фиристодааст. Дар ин табрикнома, ки матнаш дар вебсайти Кремлин нашр шуд, имзои созишнома "як ҳодисаи муҳим дар таърихи Тоҷикистон" унвон шудааст, ки “ба хатми ҷанги шаҳрвандӣ, дастёбӣ ба ваҳдати миллӣ, боз шудани роҳ ба сӯи сулҳу пешрафти кишвар" мусоидат кардааст.

Путин гуфтааст, он солҳо "Русия ба ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон фаъолона кумак кард, то ки амнияти сарҳади Тоҷикистону Афғонистон таъмин бошад". Президенти Русия ба таҳкими ҳамкориҳои стратегии ду кишвар дар оянда ҳам изҳори умед кардааст.

Созишномаи сулҳи тоҷикон рӯзи 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Маскав ва бо иштироки президенти вақти Русия Борис Елтсин ба имзо расид. Ҳукумати Русия дар он солҳо ҳам ҳамеша аз ҳукумати Тоҷикистон ҳимоят карда, нирӯҳояш дар хатти аввали марзи Тоҷикистону Афғонистон қарор доштанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG