Пайвандҳои дастрасӣ

Эрон таҳрими Қатарро "ғайри қобили қабул" хонд


Президенти Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ маъракаи Саудӣ барои таҳрими Қатарро рад карда гуфт, ки мехоҳад бо ин кишвари халиҷӣ робитаҳои мустаҳкамтар барпо кунад. Президенти Эрон дар ин бора рӯзи 25 июн дар вебсайти худ изҳорот пахш кард. Арабистони Саудӣ, Имороти Муттаҳидаи Араб, Миср ва Баҳрайн рӯзи 5 июн робитаҳояшонро бо Қатар қатъ карда ин кишварро дар пуштибонии ҷангиёни исломӣ муттаҳам карданд.

Қатар ин иттиҳомотро рад кардааст. Баъдан ин кишварҳо ба Қатар 13 шарт пеш гузоштанд, ки аз ҷумлаи онҳо – бастани телевизиони Al Jazeera, қатъи равобит бо Эрон, бастани пойгоҳи низомии Туркия ва пардохти ҷубронпулӣ мебошад. Рӯҳонӣ гуфт, “Теҳрон дар паҳлӯи давлат ва ҳукумати Қатар қарор дорад. Фишор, таҳдид ва таҳрим наметавонад роҳҳали ихтилофҳо бошад”.

Президенти Эрон гуфтааст: “Инзивои қатар барои мо ғайри қобили қабул аст. Фазои ҳавоӣ, замин ва роҳҳои обии мо ҳамеша барои Қатар, ба унвони як кишвари бародару ҳамсояи мо боз хоҳад буд”. Вай афзуд, ки сиёсати Эрон аз рушди ҳамкориҳои бештар бо Доҳа иборат мебошад. Баъди масдуд шудани Қатар аз ҷониби ҳамсояҳои минтақавӣ, Эрон маводи зиёди ғизоро ба Доҳа ирсол набуд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG