Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳрими террористи покистонӣ дар остонаи мулоқоти Трамп ва Модӣ


Маъмурияти президенти ИМА Доналд Трамп як ҷангии баландпояи покистониро ба феҳрасти “террористони ҷаҳонӣ” ворид кард. Ин тасмим рӯзи 26 июн дар остонаи мулоқоти Трамп бо нахуствазири Ҳинд Наренда Модӣ дар Кохи Сафед гирифта шуд. Трамп гуфт, ки Ҳинд барои ҳамкорӣ бо ИМА дар амри мубориза бо “терроризми исломӣ” розӣ шуд ва аз Модӣ барои пешкаши ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин ва ҳавопаймоҳои ҷангӣ ба маблағи умумии 2,4 миллиард доллар ташаккур кард.

Чанд соат пеш аз омадани Модӣ, Департаменти давлатӣ шахсе бо номи Саид Салоҳуддинро, ки инчунин бо исми Муҳаммад Юсуфшоҳ маъруф аст, таҳрим кард. Вашингтон ин шахсро раҳбари “Ҳизб-ул-муҷоҳидин”-и воқеъ дар Покистон меномад, ки дар манотиқи марзӣ бо ҳукумат ва нирӯҳои ҳиндӣ меҷангад.

Ин тасмим як пирӯзии дипломатии Ҳинд дар масоили марбут ба минтақаи ҷудоиталаби Кашмир арзёбӣ мешавад. Трамп дар сӯҳбат бо Модӣ гуфт, ки ИМА ва Ҳинд бо душмани муштарак – терроризм муқобила мекунанд ва ҳарду кишвар ҳам дар амри нобуд кардани созмонҳои террористӣ ва идеологияи ифротӣ ӯҳдадор шудааст. “Мо терроризми исломиро нобуд мекунем”, гуфт Трамп.

XS
SM
MD
LG