Пайвандҳои дастрасӣ

Шикояти як ширкати коммуналӣ аз консулгарии Тоҷикистон дар Екатеринбург


Акс аз бойгонӣ

Як ширкати коммуналӣ дар шаҳри Екатеринбурги Русия алайҳи консулгарии Тоҷикистон дар ин шаҳр ба Додгоҳи ҳакамии вилояти Свердловск шикоят бурдааст.

Ин ширкат дар давъвояш гуфтааст, ки консулгарии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург аз соли 2014 ба ин тараф ҳаққи хидматрасониҳои коммуналиро пардохт намекунад ва қарзаш дар назди ин ширкат то ба 762 ҳазор рубл расидааст.

Ин ширкати коммуналии ноҳияи “Железнодорожний”-и шаҳри Екатеринбург аст, ки дар шикояташ ба Додгоҳи ҳакамӣ гуфтааст, қабл аз муроҷиат ба ин додгоҳ борҳо талош кардааст ин баҳсро бидуни додгоҳ ҳал кунад. Ба ин манзур ширкат чанд дафъа ба таври шифоҳӣ ва хаттӣ ба унвонии роҳбарияти консулгарӣ муроҷиат кардааст, то ки қарзашро дар назди ширкат адо кунад.

Аммо чун ба ин шакл баҳс ҳал нашудааст, ширкат ба шикояти даъвогӣ ба унвонии Додгоҳи ҳакамии вилояти Свердловск шикоят бурдааст.

Зимнан посухи ҷониби консулгарии Тоҷикистон дар робита ба ин қазия ҳанӯз маълум нест, чун кӯшишҳои тамос гирифтан бо масъулони консулгарӣ то ин замон бенатиҷа буданд. Тоҷикистон дар шаҳрҳои Санкт-Петербург, Новосибирск, Уфа ва Екатеринбург консулгарӣ дорад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG