Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон ҳар рӯз ду ё як нафар қасди ҷони худ мекунад


Ҷавоне, ки Рухшонаро дӯст медошт, бинобар мухолифат ба издивоҷашон соли 2016 дар Сарбанд худкушӣ кард.
Ҷавоне, ки Рухшонаро дӯст медошт, бинобар мухолифат ба издивоҷашон соли 2016 дар Сарбанд худкушӣ кард.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, бо вуҷуди тарғибу ташвиқи зиёд ва андешидани тадбирҳо барои ҷилавгирӣ аз худкушӣ, ин зуҳуроти манфӣ дар кишвар ҳамчунон зиёд ва нигаронкунанда боқӣ мемонад.

Абдулло Шоев, намояндаи Хадамоти пешгирӣ аз қонуншиканӣ дар байни ноболиғон дар вазорати умури дохилӣ дар як мақолаи таҳлилие гуфтааст, ки соли 2016 дар Тоҷикистон 603 нафар ё худкушӣ кардаанд ва қасди ҷони хеш кардаанд.

Ба таъбири дигар рӯзона ду нафар дар кишвар ё худро куштаанд ва ё хостаанд, ба зиндагии худ хотима бидиҳанд. Дар мақола, ки дар нашрияи расмии вазорат “Қонун ва ҷомеа”нашр шудааст, омадааст, ки соли 2015 боз ҳам бештар ва 655 ҳодисаи худкушӣ ва ё талош барои худкушӣ сабт шудааст.

Дар се моҳи соли 2017 ҳам тақрибан ҳар рӯз на камтар як нафар дар Тоҷикистон ё дар маҷмӯъ 108 нафар ё худро куштаанд ва ё қасд ба ҷони хеш кардаанд.

Намояндаи вазорат мегӯяд, тамоюли нигаронкунанда худкушӣ дар байни наврасон ва ҷавонон ва мардон аст, ки ба мушкилоте тоб намеоранд, ё зери таъсири ҳодисае мехоҳанд, бо куштани худ аз “аз ҳама мушкилот халос шаванд.” Ба гуфтаи Абдулло Шоев, асосан онҳое рӯ ба худкушӣ меоранд, ки аз 14 то 25 сол доранд ва ё аз 30 сола боло ҳастанд.

Афсари вазорати умури дохилӣ аз ҷумла Дилороми 17-сола аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, Фурқати 15-сола аз Шуғнон, Муҳаммадрозиқи 15-сола аз ноҳияи Рӯдакӣ, Фарангиси 17-сола аз шаҳри Истаравшанро мисол овардааст, ки худро дар дохили оғил овехта куштаанд.

Абдулло Шоев, омори худкушӣ дар миёни наврасону ҷавонон дар ду соли ахирро дарҷ кардааст, ки баёнгари тамоюли изтиробангезе дар Тоҷикистон аст. Ба гуфтаи ӯ дар соли 2015- ум 88 ноболиғ ва соли 2016 -ум 68 ноболиғ ё аз ҷони ҷавони худ даст кашидаанд ва ё хостаанд риштаи умри худро бикананд.

Намояндаи вазорат аз афзоиши худкушӣ дар миёни мардон ҳам изҳори нигаронӣ кардааст, ки ба гуфтаи ӯ, бо вуҷуди “нисбат ба занҳо обутобёфтаанд” аз ноумедӣ ё сабаби дигаре қасди ҷони худ мекунанд.

Танҳо дар соли гузашта 320 мард дар Тоҷикистон худро куштаанд, ки дар муқоиса ба теъдоди заноне, ки ба худкушӣ рӯ овардаанд, 43 нафар бештаранд. Роҳҳои худкушӣ ҳам ба гуфтаи Абдулло Шоев, гуногун аст, аксаран худро меовехтаанд, ё ба об меандохтаанд ва ё ҳатто оташ мезадаанд.

Афсари тоҷик сабабҳои худкушӣ дар Тоҷикистонро аз забони коршиносон овардааст, ки дар як нишасте дар Душанбе чанде пеш гуфтаанд, мушкилоти иқтисодӣ, фақру камбизоатӣ ва хушунати хонаводагӣ, сатҳи пасти дониши ҳуқуқӣ ва зиёд шудани бемориҳои равонӣ сабаби қасди ҷони хеш кардани хурду калон дар кишвар аст.

Худкушӣ ё қасди худкушӣ дар Тоҷикистон тамоюли нав нест ва сол ба сол шеваҳои такондиҳандаро касб мекунад. Яке аз ин ҳодисаҳое, ки ҷомеаи кишварро такон дод, худкушии Зӯҳро Маҳмуродова – сокини шаҳри Норак буд, ки якуним соли пеш 4 фарзанди ноболиғашро гирифта худро ба дарё андохт ва риштаи умри худ ва чаҳор кӯдакро дар як рӯз канд.

Абдулло Шоев аз ҷомеаи Тоҷикистон хостааст, ба сарнавишти афроди рӯҳафтода ва ё онҳое, ки ба мушкилоте гирифтор шудаанд, бетавофут набошанд ва кӯма к кунанд, то нафаре ба орзуву омоли худ бирасад, на ин ки аз зиндагӣ баҳра набурда ва умри худро кӯтоҳ кунаду волидону атрофиёнашро мотамзада кунад.

XS
SM
MD
LG