Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Умедвории Порошенкову Макрон ба сулҳ дар шарқи Украина


Баъди мулоқоте дар Париж, президентони Фаронсаву Украина ба хатми ҷангҳо дар шарқи Украина изҳори умедворӣ карданд. Эммануэл Макрон ва Петро Порошенко дар як нишасти матбуотӣ рӯзи 26 июн гуфтанд, ки ба ташкили ҷаласаи наве дар “Формати Нрмандия” умед мебанданд. Дар ин музокирот Олмон, Фаронса, Украина ва Русия иштирок мекунанд ва қарор аст нишасти навбатӣ моҳи июл баргузор шавад. Порошенко гуфт:

"Бовар кунед, ҳоло баъди мулоқот бо ҷаноби президент ман аз гузашта бештар хушбин шудам. Аз муносибати президент Макрон хушам омад, ки барои дастёбӣ ба ҳадаф, мушаххас, амалӣ ва бидуни ҳарфи зиёд ба ин музокирот омода шуд. Мо ба мувофиқа расидем, ки роҳҳалҳои имконбахшро дар музокироти баъдӣ бо ҳамкорони дигарамон дар миён мегузорем. Инро ҳатто мешавад “формулаи Макрон” ном дод. Ба ҳар ҳол, аз имрӯз эътиборан мо метавонем як барномаи умумиро барои расидан ба сулҳ ва озод кардани шарқи Украина рӯи даст бигирем. Ин ҳамон чизест, ки Аврупо, Украина ва ҷаҳон аз мо интизор дорад”.

Президенти Фаронса Эммануэл Макрон гуфт, ки дидгоҳи садри аъзами Олмон Ангела Меркел ҳам ин аст, ки низоъҳои Украина бояд хотима ёбад. Охирин созиши оташбас, ки феврали соли 2015 дар Минск ба имзо расид, иҷро нашуд. Ҳарду ҷониб ҳамдигарро муқассири нақзи қарордоди оташбас меноманд. Дар се соли идомаи низоъҳои Украина 10 ҳазор нафар ҷони худро аз даст дод.

XS
SM
MD
LG